Як ихтироъкори курд барои "Айфон" як рӯйкаши махсусе офаридааст, ки фақат ба соҳибаш имкон медиҳад, бо айнаки махсус ҳарчиро, ки дар "Айфон"-аш ҳаст, бибинаду бихонад.
Раҷаб Тайиб Эрдуғон дар мулоқот бо Владимир Путин гуфт, ки муносибатҳои кишвараш бо Русия “вориди марҳилаи комилан дигар” мешавад.
СММ, ИМА, раисиҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбарони дигари сиёсӣ ҳодисаи террористии Кветтаро шадидан маҳкум карданд.
Ҳанӯз ҳеҷ нафар ё гурӯҳе масъулияти таркиши пурқурбонӣ дар Покистонро ба дӯш нагирифтааст.
Пурсишҳои афкори умум нишон медиҳад, ки мизони бетафовутии сокинони Русия нисбат ба Владимир Путин дар якуним соли охир торафт бештар мешавад.
Додгоҳи олии Эрон рӯзи якшанбе таъйид кард, ки донишманди ҳастаии он кишвар Шаҳром Амирӣ ба ҷурми ҷосусӣ ба нафъи Амрико ва "дар ихтиёри душман гузоштани маълумоти муҳим", эъдом шудааст.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раисиҷумҳури Туркия, рӯзи 9 август бо нияти дидору гуфтугӯ бо раҳбари Русия Владимир Путин ба Санкт-Петербург хоҳад рафт. Дар меҳвари гуфтугӯи онҳо бӯҳрони Сурия, ҳамкорӣ дар бахши тиҷорат, ҷаҳонгардӣ ва тарҳҳои сохтмонӣ аст.
Додгоҳе дар шаҳри Истанбул рӯзи панҷшанбеи 4 август ҳукми боздошти Фатҳуллоҳ Гулен, рӯҳонии туркро ба иттиҳоми раҳбарии табаддулоти низомӣ, содир кард. Фатҳуллоҳ Гулен айни ҳол дар Амрико зиндагӣ мекунад.
Як афсари афғонтабор барои аз маҳалли серодам ба ҷои амн кӯч додани мошини ҳомили маводи тарканда қаҳрамони шаҳри Ню-Йорк унвон шуд.
Нирӯҳои Либияи ҳампаймон бо ҳукумати созиши миллие, ки аз ҷониби СММ пуштибонӣ мешавад, рӯзи сешанбе 2 август дар шаҳри Сирт зидди ҷангиёни гурӯҳи “Давлати исломӣ” ҷангиданд.
Ёфтҳои бештар