Димаш Досанови 35-сола бо қарори шӯрои мудирони ширкати “ҚазТрансОйл” мудири кулли ин ширкати масъули умури лӯлаҳои нафти Қазоқистон таъин шудааст. Аз ӯ як нафари наздик ба Алия Назарбоева, духтари хурдии раисиҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ном мебаранд.
Мақомоти Қазоқистони Ҷанубӣ ҳамлаи гуруҳи ҷавонон ба минтақаи тоҷикнишини ин вилоятро "авбошӣ" номиданд. Уласбек Содиқов, муовини ҳокими Қазоқистони Ҷанубӣ, гуфт, "ҳодисаи шаби 1 ба 2 август дар ноҳияи Мақтаарал низои байниқавмӣ нест".
Хабарнигорон озодшавии раиси ҳизби мухолифин ҳукумат дар Қазоқистонро бо музокироти вазирони хориҷаи ИМА ва Қазоқистон дар Вашингтон рабт медиҳанд.
Сарнавишти бахше аз васоиле, ки дар Маркази транзитии нирӯҳои амрикоӣ дар фурудгоҳи “Манас”-и Қирғизистон нигаҳдорӣ мешуд, нопадид шудааст.
Дар шаҳри Вашингтон бо даъвати Котиби давлатии ИМА Ҷон Керрӣ нишасти вазирони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар ҳайати гурӯҳи "С5+1" ҷараён гирифт.
Раиси Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон дар нишасти матбуотии рӯзи 3 август журналистонро ба "эҳтиёткорӣ дар масъалаи пӯшиши мавзӯи равобит бо Ӯзбакистон" даъват кард.
Коргарони ширкати нафтии Бургилау дар шаҳраки Жаноазени Қазоқистон баъди панҷ рӯзи "танаффус" ба ҳамоиши эътирозии худ идома доданд. Тазоҳурот рӯзи 29 июл, замоне қатъ шуда буд, ки коргарони ширкат раиси нави иттиҳодияҳои синфӣ ё профсоюзи худро интихоб карданд.
Президенти Қирғизистон дар мулоқот бо журналистон таъкид кард, ки дин бояд аз давлат ҷудо бошад ва занҳои қирғиз набояд зери таъсири фарҳанги бегона қарор гиранд.
Дар як рустои канори шаҳри Шимкент, воқеъ дар ҷануби Қазоқистон, миёни сокинони маҳаллӣ ва ҷавонони тоҷик занозанӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Толибон шаби гузашта дар шаҳри Кобул ба як меҳмонсарой, ки дар он асосан хориҷиён будубош доштанд, ҳамла карданд. Шумораи дақиқи талафоти ин ҳамла то ба ҳол эълон нашудааст.
Ёфтҳои бештар