8 январ
Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
8 январ - 8-ӯм рӯзи сол дар Тақвими Григорӣ. То охири сол 357 рӯз мемонад.
Идҳо[вироиш]
Боз нигаред: Гурӯҳ: Идҳо дар 8 январ
Миллӣ[вироиш]
Динӣ[вироиш]
Воқеаҳо[вироиш]
Боз нигаред: Гурӯҳ: Воқеаҳо дар 8 январ
- 1815 — шикаст хӯрдани қӯшунҳои бритонӣ дар задухӯрди наздикии шаҳри Ню-Орлеан.
- 1940 - таъсиси Иттифоқи оҳангсозони Тоҷикистон.
- 1977 - Нахустин таркиш дар метрои Маскав ҳанӯз дар замони Шӯравӣ ба вуқӯъ пайваста буд. Маводи мунфаҷираи худсоз дар як вагони метро таркида буд. Ин амали террористии ҷудоихоҳони арман дар он сол 7 кушта ва 37 маҷрӯҳ бар ҷой гузошта буд[1].
Таваллуд[вироиш]
Боз нигаред: Гурӯҳ: Дар 8 январ таваллуд шудаанд
- 1858 - 1924 - Иван Жилкин, шоири фаронса-забони Белгия, мутарҷими рубоиёти Умари Хайём.
- 1886 - 1981 - Абдулғании Ҷавдат, шоир.
- 1899 – 1958 – Игор Рейснер, доктори илми таърих.
- 1900 - 1971 - Бобо Турдибоев, пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 1901 - 1976 - Раҳматулло Расулов, пахтакор, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ.
- 1907 - 1971 - Константин Порошин, доктори илми химия, академики АИ Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми ҷумҳурӣ.
- 1915 - 1998 — Аслӣ Бурҳонов, ҳунарпешаи театр ва кинои тоҷик, коргардон, Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1945)
- 1924 – 2000 – Саидалӣ Очилдиев, журналист, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- 1925 - 1991 - Михаил Жгутов, арбоби ҷамъиятӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон.
- 1927 - 1981 - Вера Калмикова, олимаи соҳаи педагогика.
- 1935 - Элвис Пресли, ҳунарпеша ва овозхони ИМА
- 1941 - 1992 - Додоҷон Деҳқонов, муаррих.
- 1941 - Давлат Даврон, журналист.
- 1943 - Ҳақназар Ғоиб, Шоири халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- 1948 - Зоир Солиев, забоншинос.
- 1951 - 1997 - Аслӣ Бурҳонов, актёри театру кино, Артисти халқии СССР, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ.
- 1952 - Умар Темур, сароянда, машшоқ.[2]
- 1963 - Ҷамолиддини Садриддин, журналист.
- 1964 – Худоназар Асозода , журналист. [3]
Вафот[вироиш]
Боз нигаред: Гурӯҳ:Дар 8 январ вафот кардаанд
Тақвими мардумӣ[вироиш]
Пайвандҳо[вироиш]
Манбаъ[вироиш]
- ↑ Таркишҳои Маскав: Даҳҳо кушта ва захмӣ - Радиои Озодӣ http://www.ozodi.org/content/article/1996172.html
- ↑ Тақвими санаҳои ҷашнии Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2017) / Мураттиб Ё. Сучонӣ; Зери таҳрири умумии С. Назарзода; Муҳаррирон Г. Маҳмудов, Ф. Аминов. – Душанбе, 2017. – 264 с.
- ↑ Тақвими ҷашн ва санаҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои соли 2014) / Мураттиб: Ё.Сучонӣ; Зери назари Ш.Комилзода; Муҳаррир: Ҷ.Раҷабов. - Душанбе: Бухоро, 2013. - С.11.
| Январ | Феврал | Март | Апрел | Май | Июн | Июл | Август | Сентябр | Октябр | Ноябр | Декабр |
